Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони аз қаллобӣ ҷабрдида ба Ватан баргаштанд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, барои бозгашти 4 муҳоҷири тоҷик, ки «тӯъма»-и қаллобони чиптафурӯш гардидаанд, мусоидат кардааст

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Рамхудоева Ганҷина, Рамхудоева Ибодат, Халиков Баҳром ва Шавкат Раҳмонов бо мусоидати Хадамоти муҳоҷрирати Тоҷикистон дар Русия тавонистанд, соҳиби чипта шаванд ва ба Ватан баргарданд.

Ба қавли Иброҳим Аҳмадов Хадамоти муҳоҷират аз ҳамшарикони марказҳои диллерие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон чиптаҳои тақаллубӣ фурӯхтаанд, тақозо кард, ки онҳоро бо чиптаҳои расмӣ таъмин намояд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи рӯзҳои ахир, ҳафт аризаи шаҳрвандони Тоҷикистонро дарёфт кардаанд, ки "тӯъма"-и чиптафурӯшҳои қалбакӣ қарор гирифтаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, Нозӣ Ғарибмаҳмадов дар аризаи худ навиштааст, аз як маркази диллерӣ дар бозори «Текстилшиков»-и Маскав аз Комила Ҳайдарова, шаҳрванди Тоҷикистон ба ивази 17 ҳазор рубли русӣ билети ҳавопайморо харидорӣ кардааст. Аммо вақте ба фурӯдгоҳ меояд, маълум мешавад, ки чиптаи харидааш қалбакӣ аст ва натавонистааст ба Тоҷикистон парвоз кунад.

Иброҳим Аҳмадов меафзояд, ки вақте ходимони Хадамоти муҳоҷират барои тафтиши ариза ба ҷои ҳодиса мераванд, дар он мавзеъ на маркази дилерӣ ва на Комила Ҳайдарова, фурӯшандаи чиптаи қалбакиро пайдо намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони Хадамоти муҳоҷират аризаи Нозӣ Ғарибмаҳмадоваро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба қавли Иброҳим Аҳмадов, дар фасли зимистон муҳоҷирони корӣ талош доранд ба Тоҷикистон баргарданд ва ҳангоми дарёфти чиптаҳои ҳавопаймо аз тарафи афроди алоҳида мавриди фиребу найранг қарор мегиранд
XS
SM
MD
LG