Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов боз фармони афвро имзо кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов амри нави авфро имзо кард. Рӯзи сешанбе расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки ин амр ба шарафи Рӯзи Бетарафӣ содир шудааст. Рӯзи Бетарафӣ дар Туркманистон ҳамсола 12 декабр таҷлил мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ теъдод ва кадоми гурӯҳи маҳбусон зиндонро тарк хоҳанд кард.

Ду моҳ пештар Бердимуҳаммадов ба шарафи 21-солагии Рӯзи истиқлоли Туркманистон 2 ҳазор маҳбусро афв карда буд.

Раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов соле як бор, дар арафаи Иди Рамазон, амри афвро имзо мекард. Бердимуҳаммадов фармонҳои афвро соле чанд бор ва, таври маъмул, дар арафаи идҳои муҳими кишвар, содир мекунад.

Дар бораи он ки дар зиндонҳои Туркманистон чӣ теъдод маҳбусон нигаҳ дошта мешаванд, иттилое зери даст нест.
XS
SM
MD
LG