Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Фаъолони иттиҳодияи ҷамъиятии “Акси садои Желтоксан”-И Қазоқистон пешниҳод карданд, ки номи шаҳри Остона ба номи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури нахустин, иваз карда шавад.

Ба иттилои хабаргузории КазТАГ, раҳбари ин иттиҳодия Тулеган Алҷон дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе гуфт, ки онҳо чанд рӯз пеш ба мардуми Қазоқистон муроҷиат кардаанд то аз пешниҳоди ба номи раисиҷумҳур гузоштани шаҳри Остона пуштибонӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, номи шаҳрро бояд худи мардум интихоб намояд.

Тулеган Алҷон гуфтааст, ки номаи онҳо барои баррасӣ ба парлумони Қазоқистон фиристода шудаааст.

Мунаққидони раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯянд, ки Нурсултон Назарбоев ҳарчӣ бештар ба ботлоқи шахспарастӣ меғӯтад. Моҳи август тасмим гирифта шуд, ки дар саҳифаи аввали китобҳои таърих тарҷумаи ҳоли Назарбоев чоп шавад. Соли гузашта пайкараи бузурги Нурсултон Назарбоев дар Алмаато, дар Боғи раисиҷумҳури нахустин, қомат афрохт. Дар Қазоқистон мактабу осорхонаву боғҳои фароғатии зиёд номи раисиҷумҳурро доранд, пайкарасозон талош мекунанд, ки дар муҷассамаҳо афроди монанд ба Назарбоевро тасвир намоянд. Рӯзи шаҳри Остона ҳамасола дар зодрӯзи Нурсултон Назарбоев доир карда мешавад.

Нурсултон Назарбоеви 72-сола ҳанӯз аз замони шӯравӣ сарварии Қазоқистонро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG