Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маризӣ садди роҳи Клинтон сӯи кишварҳои арабӣ шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, бар асари маризӣ сафарашро ба кишварҳои арабӣ лағв кард. Ёвари ӯ гуфт, ки хонум Клинтон ба маризии шадиди меъда мубтало шудааст.

Вазири умури хориҷии Амрико бояд аз Марокаш, Тунис ва Аморати муттаҳидаи араб дидан мекард.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Марокаш конфронси гурӯҳи “Дӯстони Сурия” баргузор мешавад, ки дар он ҳайати Амрикоро муовини вазири умури хориҷии ИМА Уилям Бернс раҳбарӣ хоҳад кард. Қарор аст, ки дар ин нишаст Вошингтон Эътилофи мухолифини Сурияро чун ягона намояндаи қонунии мардуми Сурия эътироф кунад ва ин имкони дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ аз сӯи мухолифинро бештар хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи “Ҷабҳат ал-Нусра”, ки эътилофи мухолифинро эътироф накарда, алайҳи ҳукумати Димишқ мустақилона мубориза мебарад, аз ҷониби ИМА созмони террористӣ эълон шуд. Гуфта мешавад, ки ин созмон бо гурӯҳи “Ал-Қоида” пайванд дорад.
XS
SM
MD
LG