Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Берлин президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо кантслери Олмон Ангела Меркел мулоқот хоҳад кард. Дафтари матбуотии Меркел навиштааст, ки дар мулоқот “ равобити дуҷонибаи иқтисодӣ” баҳс мешавад. Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch), ки мақарраш ИМА аст, аз Меркел хостааст, ки дар ин вохӯрӣ “нигарониҳои ҷиддии ҳуқуқи башар” баррасӣ шавад. Ба қавли ин созмон Қирғизистон ҳуқуқи асосии башарро поймол мекунад. Дар изҳороти Ҳуман Райтс Воч хушунат дар муқобили узбакҳои муқими ҷануби Қирғизистон ёд шудааст, ки дар иртибот бо хунрезиҳои моҳи июни соли 2010-ум миёни қирғизҳову узбакҳои ҷануби Қирғизистон борҳо мавриди боздошту шиканҷа қарор гирифтаанд. Ҳуман Райтс Воч аз Меркел даъват кардааст, ки аз мақомоти қирғиз муҷозоти афроди дастдошта дар шиканҷа, эҳёи ҳокимияти қонун ва қатъи таҳдиду тазйиқи ҳомииёни ҳуқуқи башарро талаб намояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG