Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон манбаи нооромии Афғонистон номида шудааст


Леон Панетта-вазири мудофиаи ИМА
Леон Панетта-вазири мудофиаи ИМА
Дар гузориши нави вазорати мудофиаи ИМА гуфта мешавад, ки дар Афғонистон хушунат каме коҳиш ёфта, нерӯҳои афғон масъулияти бештари амниятӣ касб мекунанд. Аммо муаллифони гузориш мегӯянд, Покистон ҳамоно мушкили амниятӣ боқӣ мемонад, зеро ҷангҷӯёни исломӣ ин кишварро ҳамчун паноҳгоҳ барои омодасозии ҳамлаҳо истифода мебаранд. Ин гузориши вазорати мудофиаи ИМА, ки рӯйдодҳои моҳҳои апрел-сентябри соли равонро дар бар мегирад, рӯзи душанбе ба Конгресси ИМА таслим шуд. Ба қавли муаллифони гузориш амнияти шаҳрҳои бузурги Афғонистон беҳбуд ёфтааст. Аммо паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён дар Покистон, имконоти маҳдуди ҳукумати Афғонистон ва фасод дар дарозмуддат бузургтарин таҳдидҳо ба амнияти Афғонистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG