Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 400 кг нашъа дар амалиёти муштарак


 Виктор Иванов-раиси идораи назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия

Виктор Иванов-раиси идораи назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия

Раиси идораи назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия Виктор Иванов мегӯяд, дар як амалиёти муштараки Афғонистон, Тоҷикистон ва Русия беш аз 400 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд. Рӯзи душанбе Иванов гуфт, ки амалиёт дар ҳафт деҳаи афғонӣ бо иштироки 300 афсари полиси афғон ва дастгирии чархболҳо ба вуқӯъ пайваст. Иванов дар бораи нақши Тоҷикистону Русия дар ин амалиёт чизе нагуфт. Ӯ афзуд, ки миқдори зиёди аслиҳа низ мусодира шудааст. Ба қавли Иванов 13 ҷангҷӯй ба ҳабс гирифта шудаанд. Иванов меафзояд, ҳамин гуна амалиёт дар моҳи сентябр бо мусодираи ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир ба анҷом расида буд. Иванов мегӯяд, мусодираи маводи мухаддир аз он шаҳодат медиҳад, ки ба шарофати чашмпӯшии нерӯҳои НАТО истеҳсоли маводи мухаддир ба фаъолияти асосии ҳазорҳо гурӯҳи ҷиноии Афғонистон табдил ёфтааст. Як мақоми НАТО дар Афғонистон, ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки талошҳои зидди маводи мухаддири Русия дар Афғонистон қобили таваҷҷӯҳ аст.
XS
SM
MD
LG