Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Русия ба Қонуни Магнитскийи Амрико


Вакилони мардумии Русия тарҳи як қонунеро ба Думаи Давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки алайҳи амрикоиёне, ки гӯё ҳуқуқи русҳоро зери по кардаанд, танбеҳ пешбинӣ намудааст. Бар асоси тарҳи қонун ингуна шаҳрвандони Амрико ҳаққи вуруд ба Русия нахоҳанд дошт ва агар моликияту ҳисобе дар Русия доранд, барояшон дастнорас хоҳад буд. Чанде пеш дар рӯзи чаҳоруми декабр, Сенати Амрико Қонуни Магнитскийро тасвиб кард, айни таҳримотро алайҳи мақомоти Русия, ки дар нақзи ҳуқуқ муттаҳам шудаанд, пешбинӣ кардааст. Сергей Магнитский як вакили дифоъи Русия баъди ошкор кардани фасодкориҳои мақомоти ин баландпояи ин кишвар соли 2009 дар боздоштгоҳ даргузашт.
XS
SM
MD
LG