Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳроҷиддин Каримов, муштзани маъруфи тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои нафтхез медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори даҳум ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сусиёлистӣ Фармон Салмонов, аввалин кашшофи нафт дар Сибир, дар шаҳри Белоярски Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, варзишгарони Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Чин ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муштзани аз ҳама қадбаланди амалкунандаи ҷаҳон Меҳроҷиддин Каримови 20-сола намояндагӣ кард. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кг мақоми севумро касб намуд.

Меҳроҷиддини азимҷусса дар аввалин қувваозмоиаш бар Александр Бабичи украинӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 13:9 ғолиб омад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз рақибаш Магомед Умаров (Русия) бо ҳисоби 1:10 шикаст хурд.

Меҳроҷиддин ва Фарид Шабанов аз Озарбойҷон, ки ӯ низ севум шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Дар ин вазн Магомед Умарови русиягӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ ҳамдиёраш Иля Руденкоро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 18:5 шикаст дод.

Ба ғолибони мусобиқа дар вазни худ мукофотпулӣ ба маблағи 60 000 рубли русӣ, барои ҷойи дувум – 35 000 рубл, барои ҷойи севум – 25 000 рубл супурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG