Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мақоми Афғонистон дар сӯиқасдҳо кушта шуданд


Мошини сардори полиси вилояти Нимрӯз пас аз таркиш дар субҳи 10-уми декабр.

Мошини сардори полиси вилояти Нимрӯз пас аз таркиш дар субҳи 10-уми декабр.

Дар Афғонистон дар ду ҳамлаи ҷудогона сардори полиси вилоят ва масъули умури занон кушта шудаанд. Онҳо қурбониёни нави як маъракае мебошанд, ки маъмурони давлатиро ҳадаф қарор додааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, сӯиқасд ба ҷони сардори полиси вилояти Нимрӯз дар ҳоле ба амал омад, ки ӯ рӯзи душанбе аз вилояти ҳамсояи Ҳирот ба макони зисти худ бармегашт. Дар соатҳои аввали бомдод мошини ӯ ба бомбае бархӯрд, ки дар сари роҳаш гузошта буданд. Генерал Муҳаммад Мӯсо Расулиро ба бемористон расонданд, вале пас аз чанд соат вай ҷон дод. Ронандаи ӯ, Валӣ Аҳмад ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

"Соат шаши субҳ буд ва ман мошинро ба тарафи Нимрӯз мерондам. Вақте ки таркиш ба амал омад, фармондеҳ бо вуҷуди захмҳояш, зинда буд. Вале дертар даргузашт. Як сарбози дигар ҳам дар ин инфиҷор захмӣ гашт.”

Пас аз чанде аз ин воқеа сухангӯи Толибон, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки ҷунбиши ӯ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш мегирад. “Мо қатли маъмурони давлатиро идома медиҳем,” – афзуд сухангӯи Толибон.

Ҳамчунин дар субҳи рӯзи душанбеи 10-уми декабр, иҷрокунандаи вазифаи масъули умури занон дар ҳукумати вилояти шарқии Лағмон кушта шуд.

Сарҳадӣ Звак, сухангӯи ҳокими вилояти Лағмон, ба Радиои озодӣ гуфт, ки Нодия Сиддиқӣ ҳангоме кушта шуд, ки ба коргоҳаш дар маркази вилоят, шаҳри Митерлом мерафт. Вай афзуд, қотили Сиддиқӣ тавонист, аз ҷои воқеа фирор кунад. Сиддиқӣ ин вазифаро баъд аз он гирифта буд, ки масъули пешинаи умури занон Ҳанифа Сафӣ дар моҳи июл аз таркиши бомбаи магнитӣ, ки ба мошинаш насб шуда буд, ба ҳалокат расид.

Одила Умархейл аз Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, мегӯяд, ин қатлҳо пеши роҳи фаъолони занро дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи инсон нахоҳанд гирифт.

Масъулияти куштори хонуми Сиддиқиро то ин лаҳза касе бар дӯш нагирифтааст, аммо ошӯбгарони толиб дар Афғонистон сӯиқасдро ба ҳайси як роҳи муқовимат бо ҳукумати Кобул, ки зери ҳимояи Ғарб аст, истифода мебаранд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле ба амал меоянд, ки рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр раиси Хадамоти кашфи Афғонистоен Асадуллоҳ Холид дар як ҳамлаи маргталабона дар Кобул захмӣ шуд. Масъулияти ин ҳамларо низ Толибон бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG