Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10-уми декабр - Рӯзи байналмилалии футбол


10-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол бо ибтикори Созмони милали муттаҳид таҷлил мешавад.

Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон мусобиқот ва чорабиниҳои мухталиф дар риштаи футбол барпо мегарданд.

Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд. “Динамо”-и Душанбе аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.

Шурӯъ аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи “Помир”-и Душанбе маҳсуб мешавад.

Ҳафт бор тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, себорӣ дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе, дуборӣ тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Истиқлол”-и Душанбе, якборӣ дастаҳои “Динамо”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барандагони медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои ахир ба рушди футбол таваҷҷӯҳи ҳукумат бештар гаштааст ва соли гузашта барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар барои панҷ соли оянда қабул шуд.

Ба ин тартиб футбол ҳамчун варзиши рақами 1 дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст. Ба дастаҳои футболи кишвар пиру ҷавон мухлисӣ мекунанд.

Солҳои ахир дар кишвар занон низ ба футбол машғул мешаванд. Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон имсол барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола ширкат кард.
XS
SM
MD
LG