Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои ҳомиёни ҳуқуқ аз садри аъзами Олмон


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Ангела Меркел, садри аъзами Олмон хостааст, зимни дидораш бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон “нигарониҳои ҷиддӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон” дар ин кишварро дар миён гузорад. Қарор аст, ин мулоқот рӯзи сешанбе дар шаҳри Берлин сурат бигирад. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар як баёнияи расмӣ рӯзи душанбе Қирғизистонро барои таҳдид ба ҳомиёни ҳуқуқе, интиқод кардааст, ки авзоъ дар ҷануби кишвар маҳалли муноқишаҳои қавмӣ дар соли 2010 миёни узбаку қирғизҳоро таҳқиқ мекунанд. Дар ин баёния ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки мақомоти Қирғизистон иҷоза надоданд, то як филм дар бораи ҳамҷинсгароён дар ҷашнворае дар шаҳри Берлин намоиш дода шавад. Мудири дафтари Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҳаг Вилямсон гуфтааст, “Олмон бояд аз Қирғизистон бихоҳад, ки ба тааҳудоти байналмилалии хеш барои мурооти ҳуқуқи инсон” пойбанд бошад.
XS
SM
MD
LG