Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Сулҳи Нобелро ба Иттиҳодияи Аврупо месупоранд


Қарор аст, имрӯз Ҷоизаи Сулҳи Нобел дар соли 2012-ро ба раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо супурда шавад. Расми тақдими ин ҷоизаи мӯътабар дар шаҳри Ослои Норвегия сурат мегирад ва Тйорбйорн Ягланд, раиси Кумитаи Нобел ин ҷоизаи 1 миллиону 200 ҳазор доллариро ба раҳбарони олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо хоҳад дод. Тақрибан 20 раҳбарони кишварҳои узв, аз ҷумла, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар маросими тақдими ҷоиза ҳузур хоҳанд дошт. Кумитаи Нобел, моҳи октябр эълом кард, ки Ҷоизаи Сулҳи Нобелро барои истиқрору таҳкими сулҳ дар Аврупо, ки аз ҷангҳои зиёде вайрон шуда буд, ба Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои бунёдгузори он сазовор донист. Аммо гурӯҳҳое чунин интихоби Кумитаи Нобелро масхара карда ва нокомии Иттиҳодияи Аврупо дар пешгирӣ аз хунрезиҳои соли 1990 дар Балкан ва бӯҳрони ҳозираи молиашро зикр кардаанд.
XS
SM
MD
LG