Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ бо 86 гол рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт


 Лионел Мессӣ
Лионел Мессӣ
Футболбози дастаи испании Барселона ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессӣ дирӯз ба дарвозаи дастаи Реал Бетис ду гол зада, бо 86 гол дар як сол соҳиби рекорди нави ҷаҳонӣ шуд. То ин вақт футболбози олмонӣ Герд Мюллер бо 85 гол дар соли 1972 беҳтарин нишонгири олам ба шумор мерафт. Мессӣ соли равон 74 дафъа дар ҳайати Барселона ва 12 мартаба дар ҳайати мунтахаби Аргентина тӯбро ба ҳадаф расондааст. Бо ин дастовард имсол ҳам Мессӣ яке аз довталабҳои ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон-тӯби тилоӣ мебошад. Мессии 25-сола дар давоми се соли ахир пай дар пай соҳиби тӯби тилоӣ шудааст. То ин замон ягон нафар чор дафъа пайи ҳам ба гирифтани ин ҷоиза муваффақ нашудааст.
XS
SM
MD
LG