Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон-узви 158-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат


 Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон
Имрӯз (10-уми декабр)Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат қабул мешавад. Дар ҷаласаи ботантанаи қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии Тиҷорат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Созмони ҷаҳонии Тиҷорат Паскал Ламӣ иштирок хоҳанд кард. Дар пайи ин маросим мулоқоти Ламӣ бо ҳайати Тоҷикистон мадди назар аст. Ламӣ мегӯяд, вуруди Тоҷикистон ба ин созмон ин кишварро бо иқтисоду тиҷорати саросарӣ ба ҳам оварда, барои Тоҷикистон фазои озоду шаффофи бидуни табйизро фароҳам мекунад. Тоҷикистон узви 158-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд.
Аслан Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2001-ум барои узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ариза навишту баъди он як гурӯҳи корӣ дар давоми 11 сол заминаи узвияти Тоҷикистон ва мутобиқати қонунҳои ин ҷумҳурӣ ва режими тиҷорати хориҷии онба меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро баҳс намуданд. Дар ин муддат тахминан 100 қонуну дастури тиҷории Тоҷикистон тағийр ёфт.
Дар ҳамин ҳол дафтаи матбуотии президенти Тоҷикистон ба хабарнигори Итар тасс гуфтааст, ки Душанбе кӯшиҳшои вуруд ба Иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро канор нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG