Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Меҳр" дар Эрон ҷойгузини You Tube мешавад


Яке аз сомонаҳои интернетии эронӣ

Яке аз сомонаҳои интернетии эронӣ

Дар Эрон сомонаи интернетии “Меҳр” боз шуд, ки ба иддаои мақомоти маҳаллӣ, метавонад ҷойгузини сомонаи маъруфи YouTube шавад. Ин ибтикор бахше аз стратегияи ташкили сомонаҳои алтернативӣ барои истифодабарандагони интернет дар Эрон аст. Теҳрон бархе аз сомонаҳои маъруфи интернетиро “зиддисломӣ” мехонад.

Дар Эрон ҳамчунин талошҳои таъсиси интернети маҳаллӣ, ки дар алоҳидагӣ аз шабакаи ҷаҳонӣ кор мекунад, идома дорад.

Баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли 2009 мақомоти Эрон дастрасӣ ба сомонаҳои маъруфе чун YouTube ва шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter-ро маҳдуд ё комилан қатъ кардааст.

ИМА Теҳронро дар он айбдор намуд, ки мехоҳад аз робитаи шаҳрвандонаш бо олами беруна ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG