Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Путин хостори танқиди сарвари давлат шуд


Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки афроди қобили эътимоди Владимир Путин тамоми мӯҳлати раёсатҷумҳурии ӯ кор хоҳанд кард.

Ӯ аз ин афрод даъват кард, ки Путинро танқид кунанд. Ба гуфтаи Песков, “Путин ба интиқод ниёз дорад, ҳамаи онҳое, ки бо ӯ кор мекунанд, ба интиқод ниёз доранд, зеро Путин идеалӣ нест ва шахсоне, ки ҳамкори ӯянд, низ моҳи беайб нестанд”.

Дар робита ба гирдиҳамоиҳо дар майдони Болотная Песков гуфт, “эътирозҳо баъд аз он шурӯъ шуданд, ки афроди “серу пур” пайдо шуда хостанд дар идораи кишвар ширкат кунанд ва дар ин вазъ давлат дар ҷояш дармонд, зеро аз рӯи табиаташ муҳофизакор аст”.
XS
SM
MD
LG