Пайвандҳои дастрасӣ

"Протоколи Киото" то соли 2020 боқӣ хоҳад монд


Дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, намояндагони тақрибан дусад кишвар дар конфаронси таҳти сарпарастии СММ мӯҳлати “Протоколи Киото”-ро то соли 2020 тамдид карданд.

Мӯҳлати ин санади муҳими байнулмилалӣ, ки соли 1997 ба хотири ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонагӣ қабул шудааст, бояд охири ҳамин сол хотима меёфт.

Дар нишасти Доҳа гуфта шуд, ки чанд кишвар – Канада, Ҷопон, Зеландияи нав ва Русия ӯҳдадориҳои худ барои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазоро иҷро намекунанд. ИМА зери ин протокол имзо нагузоштааст.

Дар нишасти Доҳа тасмим гирифта шуд, ки соли 2015 созиши нави байнулмилалӣ дар робита ба ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонаӣ қабул шавад. Санади нав ҳама кишварҳоро фаро гирифта, баъд аз соли 2020 ҷойгузини “Протоколи Киото” хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG