Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин дастури нави Мурсиро баррасӣ мекунанд


Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, дастури густариши салоҳиятҳояшро, ки боиси эътирозҳвои оммавӣ дар кишвар гардид, лағв кард. Аммо дар дастури наваш ӯ аз тақозои мухолифин бораи аз 15 декабр ба вақти дигар гузаронидани рӯзи раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосӣ сарфи назар намудааст.

Дар бораи аз сӯи Мурсӣ лағв шудани дастури густариши салоҳиятҳояш намояндаи раисиҷумҳур дар мулоқот бо раҳбарони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф дар чаҳорчӯби гуфтугӯи умуммиллӣ хабар дод. Ин гуфтугӯ рӯзи шанбе шурӯъ шуд.

Дар дастури нави раисиҷумҳур дар бораи ваколатҳои густурдаи ӯ ҳарфе нест, аммо банди ҳатмӣ будани тасмимҳои сарвари давлат боқӣ мондааст. Як банди ин санад ба эҳтимоли даъвати Маҷмааи нав барои таҳияи тарҳи нави Қонуни асосӣ дар сурати дар раъйпурсӣ пазируфта нашудани тарҳи феълӣ бахшида шудааст.

Ҷабҳаи миллии наҷот, эътилофи асосии мухолифи ҳукумати Миср, ки мулоқот бо раисиҷумҳурро таҳрим карда буд, дар бораи рӯзи якшанбе ҳаматарафа баррасӣ кардани дастури нави раисиҷумҳур хабар дод.
XS
SM
MD
LG