Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 9-уми декабр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи фасод пазируфта шудааст.

Бо қарори Маҷмааи умумии СММ аз таърихи 31-уми октябри соли 2003, ин рӯз ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи созмони Transperency International, мизони фасод дар Тоҷикистон дар соли 2012, назар ба соли гузашта бештар шудааст. Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 4-уми декабр нашр шуд, мизони фасод дар 176 кишвари ҷаҳонро “чен” карда, Тоҷикистонро дар мақоми 157-ум қарор дод, ки аз соли гузашта панҷ зина поёнтар аст.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Аммо ҳамакнун, тибқи гузориши ин ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ, мизони фасод дар ин кишвар рӯ ба густариш будааст.

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо, мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он, мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Созмони Шаффофияти байналмилал вазъро дар аксари кишварҳои Шӯравии пешин ҳамоҳанг меномад ва мегӯяд, аз миёни онҳо фасодкорӣ дар Гурҷистон камтар ва аз ҳама бештар дар Туркманистону Узбакистон ба мушоҳида расидааст, ки ҳарду дар мақоми 170-ум қарор доранд.

Дар баёнияи расмии созмони Шаффофияти Байналмилал, ки дар Берлин қароргоҳ дорад, омадааст, хашми фазояндаи мардум аз ҳукуматҳои фосид дар соли гузашта раҳбарони чанде аз ин ҳукуматҳоро аз мақомҳояшон маҳрум кард, вале бо “фурӯ нишастани гарду ғубор” намоён шуд, ки мизони ришвахорӣ, сӯистифода аз мақом, муомилоти пинҳонӣ ҳамчунон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон болост.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG