Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Сӯиқасд ба ҷони Холидро дар Покистон тарҳрезӣ кардаанд


Сӯиқасд ба ҷони Асадулло Холид, раҳбари Идораи амнияти миллии Афғонистон, дар шаҳри Квейтаи Покистон тарҳрезӣ шудааст.

Дар ин бора Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул ва бо такя ба иттилои хадамоти кашф, иттилоъ дод.

Аммо ӯ аз айбдор кардани ҳукумати Покистон дар ин ҳодиса худдорӣ намуд ва фақат изҳор намуд, ки ин мавзӯъро бо мақомоти кишвари ҳамсоя баррасӣ мекунад, зеро, ба гуфтаи ӯ “тарҳи куштори устод Бурҳониддини Раббониро ҳам дар Квейта кашида буданд”. Сарвари Афғонистон афзуд, ки вазъи Асадулло Холид баъд аз ҷарроҳӣ беҳтар шудааст ва ӯ шифо хоҳад ёфт.

Ҳамла ба раҳбари хадамоти амнияти Афғонистон баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе дар ҳоли пазироии Холид аз як “меҳмон” дар қароргоҳаш сурат гирифт. Чун дар сӯиқасд ба ҷони устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси вақти Шӯрои олии сулҳи Асадуллоҳ Холид, раҳбари Раёсати амнияти милии Афғонистон.

Асадуллоҳ Холид, раҳбари Раёсати амнияти милии Афғонистон.

фғонистон, дар моҳи сентябри соли гузашта, ин "меҳмон" ё "қосиди сулҳ" маводи таркандаро дар бадани худ ҷой карда буд.

Масъулияти сӯиқасд ба раиси идораи амнияти миллии Афғонистонро ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Аммо Ҳомид Карзай даст доштани толибонро дар ин ҳодиса баъйид медонад. Ӯ гуфт, ки “зоҳиран, ба номи толибон эълон шуд. Мисли дигар ҳама ҳамлаҳое, ки зоҳиран ба номи толибон эълон мешаванд. Вале ҳақиқат ин аст, ки ин кори толиб нест, як кори “инженеришуда” аст, ки онро толибон карда наметавонанд. Пас дастҳои бузургтаре, дастҳои моҳиртаре дар ин кор дахил ҳастанд”.

Бархе аз коршиносон изҳороти ахири Карзайро чун талоши ҷилавгирӣ аз халалдор накардани талошҳои ҷалби толибон ба музокироти сулҳи Афғонистон арзёбӣ кардаанд. Вале бештари онҳо мутмаинанд, ҳамла аз сӯи афроде таҳия шудааст, ки мухолифи музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибонанд. Аз нигоҳи масъулини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, анҷоми ин ҳамла аз сӯи “қосиди сулҳ” маҳз ба талошҳои сулҳ бо толибон осеб мерасонад.

Мавлавӣ Шаҳзода Шоҳид, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон

Мавлавӣ Шаҳзода Шоҳид, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон

Мавлавӣ Шаҳзода Шоҳид, як узви ин Шӯро ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҳатман “ба барномаи сулҳ таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва эътибори раванди сулҳро садама хоҳад зад”. Аз нигоҳи ӯ, “ин амал хилофи шариат ва афғоният аст, ки як фард ба номи қосиди сулҳ меояд ва ба номи музокироти сулҳ муртакиби чунин ҷиноят мегардад”.

Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен ахиран ба аёдати Асадулло Холид рафт. Дар эъломияи нерӯи байнулмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ё ISAF омадааст, ки Ҷон Аллен дар бемористони низомии майдони ҳавоии Багром бо вазъи Асадулло Холид ошно шуд ва барои ӯ шифои оҷил хост. Асадулло Холид ду моҳ пеш раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон таъйин шуд. Аз ин пеш ӯ волии Қандаҳору Ғазнӣ буд ва чанд муддат ба вазорати сарҳадоту қабоил ҳам раҳбарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG