Пайвандҳои дастрасӣ

Силвио Берлусконӣ ба майдони сиёсат баргаштанист


Силвио Берлусонӣ, нахуствазири пешини Италия, омода аст, ки бори шашум номзадии худро дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кунад. Қарор аст, ки сиёсатмадор тасмими худро дар ин бора ба зудӣ эълон кунад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигороон баъд аз бозии дастаи футболи “Милан” ӯ гуфт, ки вазъи иқтисодӣ басо хароб шудааст, теъдоди бекорон дар Италия як миллион нафар бештар шуд, қарзи кишвар афзоиш меёбад. "Ман намегузорам, ки кишварам торафт ба жарфои ретсессия равад"-таъкид кард нахуствазири собиқ. Ба гуфтаи Силвио Берлусконӣ, замоне, ки ӯ курсии нахуствазириро дар ихтиёри Марио Монтӣ гузошт, вазъ ин гуна ҷиддӣ набуд.

Ду рӯз пеш ҳизби Берлусонӣ “Мардуми Озодӣ” аз пуштибонии ҳукумати феълии Италия сарпечӣ кард ва ин боиси эълони интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ шуд. Интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар Италия соли оянда баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG