Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амниятиҳо раҳбари гурӯҳи ҷиноиро ба Бишкек оварданд


Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон раҳбари яке аз гурӯҳҳои ҷиноии кишвар Қамчибек Колбоевро аз Дубай ба Бишкек оварданд.

Колбоев дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, одамрабоӣ, таъсиси гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мешавад. Айни ҳол ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти мллии Қирғизистон нигаҳ дошта мешавад.

Мақомоти амниятӣ аз ироаи тафсилоти бештар, аз ҷумла, дар мавриди кай ва чӣ гуна дар Дубай боздошт шудани Колбоев, худдорӣ мекунанд.

Колбоев аз сӯи Интерпол ё Полиси байнулмилалӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG