Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Ҳамла ба Холид дар Квейта тарҳрезӣ шудааст


Асадулло Холид

Асадулло Холид

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки ҳамлаи террористӣ алайҳи Асадулло Холид, раиси хадамоти амнияти миллии кишвар, дар шаҳри Квейтаи Покистон тарҳрезӣ шудааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи шанбе Карзай аз айбдор кардани ҳукумати Покистон дар ин ҳодиса худдорӣ намуд ва аммо гуфт, ки ин мавзӯъро бо мақомоти кишвари ҳамсоя баррасӣ мекунад. Раисиҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки вазъи Асадулло Холид баъд аз ҷарроҳӣ беҳтар шудааст ва ӯ шифо хоҳад ёфт.

Ҳамла ба раҳбари хадамоти амнияти Афғонистон баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе дар ҳоли пазироии Холид аз як “меҳмон” дар қароргоҳаш сурат гирифт.

Асадулло Холид моҳи сентябри соли равон раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон таъин шуд.
XS
SM
MD
LG