Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шӯхи"-и муҷриҳо боиси марги ҳамшираи шафқат гардид


Дар Австралия ду муҷрии радиои 2Day-и Сидней - Мел Григ ва Майкл Кристиан барои он аз кор ихроҷ шуданд, ки шӯхии онҳо боиси марги як ҳамшираи шафқат гардид.

Онҳо ҳангоми барномаи мустақими радиоӣ ба бемористоне занг заданд, ки дар он ҷо Кейт Мидлтон, хонуми ҳомиладори шоҳзодаи бритониёвӣ Уилям, таҳти назорати табибон қарор дорад. Муҷриҳо худро малика Елезаветаи 2 ва падари Уилям – шоҳзода Чарлз муаррифӣ карда, аз вазъи ҳоли Кейт пурсон шуданд.

Ҳамшираи шафқат Ҷасинта Салданӣ ба онҳо бовар карда, дар бораи вазъи бемор, ки асрори тиббӣ маҳсуб мешавад, иттилоъ дод.

Чанд соат баъд аз ошкор шудани “шӯхи”-и муҷриҳои радио кормандони полис ҷасади беҷони Ҷасинта Салданиро дар манзилаш пайдо карданд. Мақомоти тафтишотӣ ҳадс мезананд, ки ҳамшираи шафқат аз он ки сирри тиббиро ошкор кардааст, ба ваҳм афтода даст ба худкӯшӣ задааст.
XS
SM
MD
LG