Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон нархи иҷозатнома барои шикори як гӯсфанди Марко Поло имсол 58 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, аз соли оянда боз болотар меравад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, ин гӯсфандҳоро асосан хориҷиён шикор мекунанд ва барои бурдани ғанимат боз маблағҳои алоҳидаро пардохт мекунанд, ки ҳаҷми он ҳам кам нест.

Тибқи иттилои ин Кумита шумораи иҷозатномаҳоро барои шикори гӯсфанди Марко Поло, имсол ҳам ҳукумати кишвар чун соли гузашта 80 адад муайян кардааст. Аммо аз 80 адад иҷозатномаи ҷудо намудаи ҳукумат ҳамаашон харидор наёфтаанд.

Яке аз сабабҳои ин ҳолат, амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки бо вуҷуди оғози мавсими шикори ин гӯсфанд, мақомот истифодаи силоҳро дар ҳудуди вилоят иҷозат надодаанд.

Аммо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сабаби кам шудани шикорчиёни Марко Полоро дар кишвар ба манъи шикори ин гӯсфанд таи солҳои 2007 – 2008 рабт медиҳад, ки таи ин муддат шикорчиёне, ки одатан ба Тоҷикистон меомадаанд, тағйири хатсайр намуда, акнун ба дигар кишварҳо мераванд.

Дар мавриди будан ё набудани шикори гӯсфанди Марко Поло масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, ки бояд бошад, чун асосан онҳое, шикор мешаванд, ки пиранд ва аллакай қобилияти наслмониашонро гум кардаанд.

Дар сурати манъи шикори гӯсфандҳои Марко Поло, Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар паи таъсири пирӣ ва вазни шохашон онҳо хоҳу нохоҳ фавтида, беҳуда пӯсида хок мешаванд. Бино ба ин ба ивази маблағи калон, ки ба фоидаи мардум ва иқтисодиёти кишвар аст, шикори Марко Поло қобили дастгирӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи ҳисобҳои ин ниҳод шумораи гӯсфандҳои Марко поло дар Тоҷикистон ҳудуди 12 – 16 ҳазор аст. Аммо ташкилотҳои байналмилалӣ теъдодашонро 24 ҳазор адад меҳисобанд.

Дар мавриди маблағ, ки аз додани иҷозатнома барои шикори гусфанди Марко Поло ба даст меояд, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд қисме ба буҷети Кумита ва қисме ба буҷети ноҳия меравад: «Аз ҷумла 15 фоиз дар шӯъбаи ноҳиявии Кумита дар Мурғоб, 20 фоиз дар раёсати вилоятӣ, 20 фоиз дар Кумита ва 45 фоизи боқимонда дар худи буҷети ноҳияи Мурғоб боқӣ мемонад».

Гусфанди кӯҳии «Марко Поло» ба ифтихори сайёҳи машҳури венетсиягӣ гузошта шудааст, ки аввалин аз миёни аврупоиён дар асри 13 шохи ин гусфандро тасвир кардаст. Гусфандҳои нисбатан бузург дар қисмати марказӣ ва шарқии Помир дар баландии ҳудуди 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Дарозии шохи Марко поло ҳудуди 150 сантиметрро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG