Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Миср боз эътироз мекунанд


Ҷамъомади мухолифини президенти Миср

Ҷамъомади мухолифини президенти Миср

Мухолифини ҳукумати Миср ҳаводоронашонро ба эътирозҳои нав даъват кардаанд. Ин даъват рӯзи ҷумъа баъди изҳороти президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ ба амал омад. Мурсӣ иброз дошт, ки назархоҳии умумимардумӣ барои қабули лоиҳаи баҳсбарангези сарқонуни ин кишвар бидуни таъхир дар дар таърихи 15-уми лекабр доир мешавад. Мухолифин мегӯянд, ки сарқонуни пешниҳодӣ ҳимоят аз ҳуқуқи башарро нодида гирифтааст. Рӯзи ҷумъа комиссари ҳуқуқи башари СММ хонум Навӣ Пилай изҳор намуд, ки дар лоиҳа баъзе унсурҳои нигаронкунанда ба чашм мехӯранд. Мухолифат рӯи лоиҳаи сарқонуни Миср боиси эътироз ва бархурдҳои хушунатомез миёни мухолифин ва тарафдорони президенти исломгарои Миср шудааст. Рӯзи чоршанбе дар ин бархӯрдҳо камаш ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Баъд аз он мақомот дар майдони назди қасри раёсатҷумҳурии Миср якчанд танк ҷойгир намуданд.
XS
SM
MD
LG