Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии сокинони Жанаозен 12 рӯз зиндонӣ мешавад


Асал Нурғозиева
Асал Нурғозиева
Фаъоли ҳуқуқи башар Асал Нурғозиева, ки аз номи сокинони шаҳри Жанаозен ба додгоҳ шикоят бурдааст, ба муддати 12 рӯз зиндонӣ шуд. Сокинони Жанаозен даъво доштанд, ки ҳангоми эътирозҳои соли гузашта полис аз қудраташ сӯиистифода кардааст.
Нурғозиева рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Оқтау боздошт шуд. Рӯзи ҷумъа вакили Нурғозиева гуфт, ки ӯро ҳамон рӯзи панҷшанбе бо авбошӣ ва муқовимат ба полис айбдор донистанд. Вакили Нурғозиева ин ҳабс ва ҳукмро сиёсӣ унвон додааст. 16-уми декабри соли 2011-ум дар Жанаозен полис 16 эътирозгарро кушта, даҳҳо нафари дишгарро маҷрӯҳ намуд. Бархӯрди Жанаозен дар поёни коршикании ҳафтмоҳаи коргарони соҳаи нафти ин минтақа ба вуқӯъ пайваста буд. Баъзе шореҳон тахмин мекунанд, ки ҳабси Нурғозиева бо мақсади ҷилавгирӣ аз эътирозҳои дастаҷамъӣ дар аввалин солгарди ҳаводиси Жанаозен ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG