Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар Ҷоми АФК муайян шуданд


Рақибони дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Ҷоми АФК-2013 муайян шуданд.

Қуръакашии даври плей-офф ва сабқати гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 рӯзи 6-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони нави Тоҷикистон, дар гурӯҳи “D” бо қаҳрамони Кувайт «Ал-Кадисия», барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун «Ал-Рамта» ва зӯртарин бошгоҳи Сурия «Ал-Шорта» рақобат мекунад. “Равшан” нахустин бозиашро дар Ҷоми АФК-2013 рӯзи 27-уми феврал дар Тоҷикистон бо тими «Ал-Рамта» анҷом медиҳад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ва Ҷоми кишвар дар соли 2012-ум, дар мусобиқаи бошгоҳҳои футболи Осиё, ки аз рӯи моҳияташ дувум аст, ба мубориза аз бозии интихобӣ ё плей-офф шурӯъ мекунад. Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал бо ғолиби ҷуфти «Ал-Ваҳда» (Сурия) – "Ал-Аҳлӣ Таизз" (Яман) бозӣ мекунад.

Плей-офф аз як бозӣ иборат аст ва мизбонро қуръакашӣ муайян хоҳад кард. Дар мавриди пирӯзӣ «Регар-ТадАЗ» ба мусобиқаи гурӯҳӣ роҳ меёбад ва дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Кувайт» (Кувайт) ва «Риффа» (Баҳрайн) рақобат мекунад.

Натоиҷи қуръакашии даври аввали Ҷоми АФК-2013:

Гурӯҳи «A»: «Сафо» (Лубнон), «Кувайт» (Кувайт), «Риффа» (Баҳрайн), ғолиби плей-офф «Ал-Ваҳда» (Сурия)/"Ал-Аҳлӣ Таизз" (Яман) – «РегарадАЗ» (Тоҷикистон).

Гурӯҳи «B»: «Арбил» (Ироқ), «Ал-Ансор» (Лубнон), «Фанҷа» (Умон), «Муҳаррақ» (Баҳрайн).

Гурӯҳи «C»: «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Дуҳок» (Ироқ), «Ал-Шааб» (Яман), «Дҳофар» (Умон).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Қадсия» (Кувайт), «Ал-Рамза» (Урдун), «Равшан» (Тоҷикистон), «Ал-Шорта» (Сурия).

Гурӯҳи «E»: «Китчӣ» (Ҳонконг), «Сингапур Армед Форсиз» (Сингапур), «Семен Паданг» (Индонезия), «Чарчил Бродерс» (Ҳиндустон).

Гурӯҳи «F»: «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Сунрай Кев Сун Ҳей» (Ҳонконг), «Ню Радиант» (Молдив), «Персибо» (Индонезия).

Гурӯҳи «G»: «Келантан» (Малайзия), «Аевади Юнайтед» (Мянмар), «Дананг» (Вйетнам), «Мазиаҳ Спортс» (Молдив).

Гурӯҳи «H»: «Тампинес Роверс» (Сингапур), «Селангор» (Малайзия), «Кингфишер Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Сайгон Хуан Танҳ» (Вйетнам
XS
SM
MD
LG