Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари идораи амнияти Афғонистон муолиҷа меёбад


 Асадулло Холид-раҳбари хадамоти амнияти миллии Афғонистон

Асадулло Холид-раҳбари хадамоти амнияти миллии Афғонистон

Вазъи саломатии раҳбари хадамоти амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбе бар асари бомбгузории маргталабона ҷароҳат бардошта буд, устувор арзёбӣ мешавад. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон мегӯяд, феълан Асадулло Холид дар шифохонаи низомиёни ИМА, воқеъ дар пойгоҳи Багром-60 километрии шимоли Кобул таҳти муроқибати табибон қарор дорад. Холид дар меҳмонсарои Идораи хадамоти милии амният маҷрӯҳ шудааст. Расонаҳои хабарӣ аз номи сухангӯи Толибони афғон паёми электронӣ гирифтаанд, ки дар он ҷунбиши ифротгарои исломӣ масъулияти ин бомбгузории маргталабонаро бар дӯш гирифтааст. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ба аёдати Холид рафта, изҳори умед кардааст, ки раҳбари идораи амнияти милии ин кишвар шифо меёбад. Холид, ки дар гузашта вазифаҳои волии вилоят ва вазири ҳукуматро иҷро кардааст, моҳи сентябр ба мақоми раҳбари идораи амнияти миллии Афғонистон таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG