Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мухолифи кӯшишҳои эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ аст


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, гуфт, кишвараш аз ташкили шакли нави Иттиҳоди Шӯравӣ дар зери ниқоби ҳамоиши иқтисодӣ пешгирӣ хоҳад кард.
Рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо вакилони мудофиа ва фаъолони ҳуқуқи башар дар шаҳри Дублин Клинтон иброз дошт, ки ин талош зери номҳои дигар, ба мисли Иттиҳоди гумрукӣ ё Иттиҳоди Авруосиё бо ширкати Қазоқистону Беларус ҷараён дорад. Ӯ афзуд:
“набояд дар ин маврид иштибоҳ кард. Мо чӣ будани мақсадро медонем ва талош дорем роҳҳои босамари коҳиш ё пешгирии онро пайдо кунем”. Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия изҳороти Клинтонро “фаҳмиши комилан нодурусти масъала” унвон додааст. Клинтон ҳамчунон кӯшишҳои муҷозоти дастгирии амрикоии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои Русия, Украина, Беларус ва Туркманистонро танқид кард. Ба қавди котиби давлатии ИМА ҳукуматҳои ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ бештар султаҷӯӣ намуда, саъй доранд, даҳони дигарандешонро бубанданд.
XS
SM
MD
LG