Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ҳам рафтуомади амрикоиҳоро маҳдуд мекунад


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон котиби давлатии ИМА (Дублин 6 декабри соли 2012)

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва Ҳилларӣ Клинтон котиби давлатии ИМА (Дублин 6 декабри соли 2012)

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, Русия ба он мансабдорони амрикоӣ, ки ба қавли ӯ дар поймол намудани ҳуқуқи башар саҳм доранд, раводиди сафар ба ин кишварро нахоҳад дод. Изҳороти Лавров баъди тасвиби таҳримҳо бар зидди мансабдорони рус, ки дар марги вакили мудофиа Сергей Магнитский ва поймолшавии ҳуқуқи башар нақш доштаанд, пахш шуд. Қонуни Магнитский бахше аз барномаи бузургтаре мебошад, ки маҳдудиятҳои тиҷорати даврони Ҷанги сардро аз байн мебарад. Русия аз бахши марбут бо поймолшавии ҳуқуқи башари ин қонун ба хашм омада, ҷавоби муносиб ҳваъда дода буд.Ба нақли расонаҳои Русия Лавров ин масъаларо рӯзи панҷшанбе дар Дублин ба котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ошкор кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Русия овоздиҳии Сенатро “намоиши театри мазҳака” номидааст.
XS
SM
MD
LG