Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз соли нави 2013 ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон таҷҳизоти аз лиҳози фанноварӣ нав, дорувор ва масолеҳи марбут ба иншооти стратегиро ворид мекунанд, аз боҷи гумрукӣ озод хоҳанд буд.

Дар тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси гумрук, ки аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онҳоро рӯзи 7-уми декабр пазируфт, ҳамчунин гуфта мешавад, шумораи санадҳои гумрукӣ барои воридот ва содирот, аз даҳ ба панҷ коҳиш хоҳад ёфт.

Муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Неъмат Раҳматов, ки тарҳро ба вакилон шинос мекард, ин навгониҳоро омили рушди бозор дар кишвар номид. Вай гуфт, ки коҳиши асноди расмиёти гумрукӣ бешубҳа ба рушди бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин воридоти таҷҳизоти муосир, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маҳсулоти сохтмонӣ барои иншоотҳои стротегӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда хоҳанд шуд."


Ҳарчанд тарҳи нави тағйиру иловаҳо дар баррасии қаблии Маҷлиси намояндагон баҳсу танқидҳоеро ба миён оварда буд, ин бор эродҳо кам буданд. Яке аз вакилон Маҳмадшариф Ҳақдодов аз муовини Хадамоти гумрук пурсид, чаро ворид намудани нахи пахта ва алюминии аввалия ба Тоҷикистон аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шудаанд, дар ҳоле, ки дар дохили кишвар ин ашёҳои хом истеҳсол ва баръакс ба хориҷа содир карда мешаванд.

Раҳматов зарурати чунин тағйирро дар кодекси гумрук шарҳ дода ва гуфт, ки "ин тағйирот бо дар назардошти дурнамои рушди соҳа қабул карда шудааст. Ҳоло дар кишвар чанд корхонаи коркарди нахи пахта сохта шудааст ва дар оянда қудрати истеҳсолии кишвар афзоиш меёбад ва зарурат ба чунин ашёи хом пайдо хоҳад шуд."

Аз боҷи гумрукӣ озод шудани масолеҳи иншооти стратегӣ ба эҳтимоли зиёд шубҳаеро ба миён овард, ки ин сабукӣ бо мақсадҳои муайян ва ба хотири ширкатҳои муайян ба миён омадааст. Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ кард, ки дар матни иловаҳо номгӯи иншооти стратегӣ зикр нагардидааст: “ин номуайянӣ дар кодекси гумрук боиси он мешавад, ки бархе аз соҳибкорон аз ин имтиёз сӯистифода хоҳанд кард. Яъне, барои иншооти стротегӣ гуфта маҳсулоти сохтмонро вориди кишвар мекунанд, вале бо ҳадафҳои тиҷорӣ.”

Таҳиякунандагони лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук дар навбати худ гуфтанд, ки феҳрасти сохтмонҳои дорои аҳамияти стротегиро ҳукумати кишвар ҳар сол мушаххас мекунад. Дар робита ба озод шудани доруворӣ ва таҷҳизоти воридотии тиббӣ муаллифон гуфтанд, ҳадаф поён овардани нархи доруворӣ ва беҳтар кардани зербинои беҳдоштии кишвар аст.

Муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Неъмат Раҳматов ҳамчунин зикр кард, ки бино ба тағйири қонун сар аз 1-уми январи соли 2013 синни бознишастагии кормандони гумрук ба кормандони низомии Тоҷикистон баробар карда шуд. Мӯҳлати нафақаи гумрукчиён дорои рутбаҳои аз сержант то капитан – 50, аз майор то полковник – 55 ва ҳайати генералҳо – 60 сол муқаррар гардид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG