Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе, зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, мавриди баҳс қарор мегирад.

Намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, коршиносони шабакаи Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари электронии кишвар, рӯзи ҷумъа дар бинои Маркази Исмоилия, ба баррасии масъалаи зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, оғоз намуданд.

Ба қавли иштирокдорон, зимни ин ҳамоиш, бо намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон роҳҳои истифодаи барномаҳо ва намоишҳои алоҳида дар чаҳорчӯби талаботи телевизиони ҷамъиятӣ дар шабкаҳои телевизиони Тоҷикистонро, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои электронии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни радио ва телевизион, банди махсус дар мавриди таъсиси телевизони ҷамъиятӣ дар кишварро ворид намояд.

Бо вуҷуди он, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба вижа дар Қирғизистон телевизиони ҷамъиятӣ фаъол мебошад, ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон ин мавзуъ мавриди баҳс қарор мегирад. Дар ҳоли ҳозир дар Русия заминаҳои фаннӣ ва қонунии таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, омода шудааст.

Телевизиони ҷамъиятӣ комилан як телевизони мустақил буда, барномаҳои он бидуни фармоиш ва ё амри кадом ҷониб, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва ё ниҳоди дигар, омода ва пахш мешавад.

Телевизони ҷамъиятӣ ҳамчун минбари озод ва шаффофе дар ҷомеа хоҳад буд, ки дар он афкори гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, намояндагони аҳзоб, ходимони давлат ва ба сурати умум намояндагони ҳама ақшори ҷомеаи кишвар инъикос хоҳад ёфт.
Таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ ба вижа барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, муҳим хонда мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG