Пайвандҳои дастрасӣ

"Қосиди сулҳ" раҳбари амниятиҳои афғонро захмӣ кард


Асадуллоҳ Холид, раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон.

Асадуллоҳ Холид, раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, шахсе, ки раҳбари Раёсати амнияти миллии ин кишварро ҳадаф қарор дод, ба ҳайси «паёмовари сулҳ», вориди меҳмонхонаи ин ниҳод шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, шахси интиҳоркунанд дар ҷараёни сӯҳбат бо Асадулло Холид худро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа раиси умумии амнияти милии Афғонистон захмӣ шуд. Шафиқулло Тоҳирӣ, муовини сухангӯи раёсати амнияти милии Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Афғонистон Озодӣ – бахши афғонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии оқои Холид хуб аст ва онҳо дар мавриди ин ҳодиса таҳқиқ мекунанд.

Ҳамлаи интиҳорӣ ба ҷони Асадулло Холид соати сеи баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе дар минтақаи Қалъи Фатҳулло, дар яке аз меҳмонхонаҳои Раёсати амнияти миллии Афғонистон рух додааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай пас аз ин ҳодиса ба бемористони Раёсати амнияти миллии ин кишвар рафт ва пас аз дидор бо табибон гуфт, ки вазъи саломатии оқои Холид хуб аст. Дар ҳамин ҳол шоҳидони ҳодисаи дирӯз ба Радиои Афғонистони озод гуфтанд, ҳамлаи интиҳорӣ чанд лаҳза пас аз ворид шудани Асадулло Холид ба ин меҳмонхона рух дод.

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтанд. Аммо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ин ҳодисаро як амали буздилон хонда ва онро маҳкум намудааст.

Аз ин қабл, дар моҳи сентябри соли 2011 як паёмовари дигар Бурҳониддин Раббонӣ, раиси пешини Шӯрои олии сулҳи Афғонисторо ҳадаф дод. Ҳаракати Толибони Афғонистон зоҳиран масъулияти ҳамла ба устод Раббониро напазируфтанд, аммо таҳқиқот нишон додааст, ки ҳамлакунанда узви Шӯрои Куветта будааст.

Ин ки шахси интиҳоркунанда дирӯз чигуна бо маводи тарканда вориди муҳимтарин меҳмонхонаи Раёсати амнияти милии Афғонистон шудааст, суоле аст, ки то ҳанӯз ба он посух дода нашудааст. Аммо мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки дар ин маврид таҳқиқотро оғоз намудаанд.
XS
SM
MD
LG