Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон


Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон мегӯянд дар кишвар барои таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, ки дастнигари фармоиши ҷонибе набошад, шароит муҳайё нест.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон ҳанӯз барои таъсиси телевизони ҷамъиятӣ заминаи фаннӣ ва қонунӣ надорад.

Қаршибоев афзуд, ки барои баррасии мушкилоти таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, имрӯз, 7-уми декабр дар шаҳри Душанбе, бо ширкати намояндагони шабакаҳои телевизионии ватанӣ, коршиносони телевизиони ББС ва созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ ҳамоиши махсус доир мегардад.

Ҳамчунин расонаҳои Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни радио ва телевизиони Тоҷикистон як банди махсус дар мавриди таъсиси телевизони ҷамъиятӣ дар кишвар илова карда шавад.

Ба қавли ҷаноби Қаршибоев бо вуҷуди он ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ба хусус дар Қирғизистон телевизионҳои ҷамъиятӣ фаъол ҳастанд, дар Тоҷикистон ин мавзӯъ бори нахуст баҳс мешавад.

Телевизиони ҷамъиятӣ комилан як телевизони мустақил буда, барномаҳои он бидуни фармоиш ва ё амри кадом ҷониб аз ҷумла мақоми давлатӣ ва ё ниҳоди дигар омода ва пахш карда мешавад. Коршиносон мегӯянд дар бозори телевизиони Тоҷикистон ҷойгоҳи чунин як шабака холист.
XS
SM
MD
LG