Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи як амалиёти нодири Тоҷикистону Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёти муштарак бо маъмурони амниятии Тоҷикистон дар ду тарафи марз чанд шабакаи қочоқбари маводи мухадирро ба ҳам заданд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Афғонистон дар ҷараёни амалиёт, 12 қочоқбарро дастгир ва аз онҳо садҳо килограм маводи мухаддир ва аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ гирифтанд. Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохили Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул гуфт, амалиёти панҷрӯза дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки яке аз маҳалҳои осонгузари марз барои қочоқбарони маводи мухаддир маҳсуб мешавад: Чаҳор бандаи мофиёии мусаллаҳ бо 12 нафар, ки тамоми маводи мухаддири вилоёти шимолу шарқиро ҷамъоварӣ ва баъдан дар ҳамоҳангӣ бо қочоқбарони тоҷикӣ ба Тоҷикистон ва Осиёи Миёна қочоқ мекарданд, дастгир шуданд. Аз онҳо бо миқдори 420 килограм маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин тарёк ва чарз ва 42 мил аслиҳаи гуногун кашфу забт шуд. Чаҳортои онҳо, қочоқбарони бузург, яъне сардори гурӯҳҳо ҳастанд, ки ду нафарашон бо пулиси мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон даргир ва захмӣ шуданд. “ Дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки баъзе аз ин гурӯҳҳо дар рабудани занону кӯдакон даст доштаанд ва аз банди онҳо ду зани тоҷикро раҳо карда ва ба дипломатҳои Тоҷикистон супурдаанд.
XS
SM
MD
LG