Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Сенати Амрико Русияро асабонӣ карданд


Сенати Амрико рӯзи панҷшанбе бо раъйгирӣ Қонуни Ҷексон-Ваник, як санади мероси замони Ҷанги Сардро беэътибор кард, ки монеае дар роҳи тиҷорати Амрико бо Русия ва Молдова буд. Вакилони амрикоӣ ҳамзамон санадеро тасвиб намуданд, ки алайҳи мақомоти Русия, ки дар марги Сергей Магнитский як вакили дифоъ нақш доштаанд, таҳрим пешбинӣ кардааст. Санади мазкур баъди имзои раиси ҷумҳур Барак Обама ҳукми иҷро хоҳанд гирифт. Ҳукумати Амрико ба хотири густариши тиҷорат бо Русия, ки чанде пеш ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ пайваст, хоста буд, то Русияро аз санади Ҷексон-Ваник истисно кунанд, ки барои тиҷорат бо кишварҳои шӯравии собиқ меъёр гузошта буд. Айни замон вакилони конгресс санадеро тасвиб кардаанд, ки ба теъдоде аз мақомоти расмии Русия додани раводиди Амрикоро мамнӯъ ва ҳисобҳои онҳоро масдуд мекунад. Ин афрод гӯё дар марги Сергей Магнитский вакили дифоъи рус нақш доранд, ки баъди ошкор кардани фасодкорӣ дар ҳукумати Русия дар зиндон даргузашт. Русия дар вокуниш ба ин санад гуфт, ки посухи сахте ба он хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG