Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Ӯзбакистон


Cозмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Узбакистон хостанд, зиндониёни сиёсиро бе ҳеҷ қайду шарт аз зиндон раҳо кунад. Нӯҳ созмон, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон рӯзи панҷшанбе гуфтанд, озод кардани ин зиндониён дар 20-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Ӯзбакистон аломате аз азми ин кишвар барои ислоҳот мешуд. Дар ин баёния номи даҳҳо нафаре зикр шудааст, ки бо онҳо бадрафторӣ шудааст ва баъзеашон аз бемориҳои мухталиф ранҷ мекашидаанд. Рӯзе пештар аз ин порлумони Ӯзбакистон ба муносибати 20 умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ авфи умум эълом кард, вале зиндониёни сиёсӣ аз ин авф берун мондаанд.
XS
SM
MD
LG