Пайвандҳои дастрасӣ

Як маргталаб Асадулло Холидро маҷрӯҳ кард


Дар ҷойи ҳодиса

Асадулло Холид, раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон, имрӯз бар асари ҳамлаи як маргталаб дар Кобул маҷрӯҳ шуд. Мақомоти Афғонистон ин ҳодисаро “ҳамлаи террористӣ” унвон карданд.

Ба иттилои хабаргузории Associated Press, ҳамла дар нимаи дуввуми рӯз дар ҳоли пазироии Холид аз як меҳмон дар қароргоҳаш сурат гирифт.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳамларо "буздидона" номид ва гуфт, ки табибон Асадулло Холидро ҷарроҳӣ кардаанд ва ба шифо ёфтанаш умедворанд.

Асадулло Холид, ки аз ин пеш дар мақомҳои волӣ ва вазирӣ ифои вазифа карда буд, моҳи сентябри соли равон раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон таъин шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG