Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон талоши аз беху бун баркандани анъанаи қадима “ғаг”-ро дорад.

“Ғаг” ё “Жағ”, ки аз забони паштунӣ чун “садо” тарҷума мешавад, анъанаест, ки бар пояи он мард бо садо кардани номи духтар ӯро пойбанд месозад ва аз ин баъд духтар ҳақ надорад бо марди дигар издивоҷ кунад. Дар баъзе манотиқи кӯҳии Покистон мардҳо вориди ҳавлии духтар мешаванд, аввал номи ӯро садо мекунанд ва сипас аз туфанг ба ҳаво тир мекушоянд.

Баъд аз “ғаг”, ҷониби пайвандони “домод” талоши мекунанд, ки хонаводаи духтари "ғагшуда"-ро ба издивоҷ розӣ кунанд.

Дар ҳар сурат духтар маҷбур аст, ки хилофи хоҳиши худ шавҳар кунад ё якумрӣ бешавҳар монад ва ё қабилааш бо қабилаи ҷавон барои лағви “ғаг” вориди низоъ шавад. Зимнан, бар пояи ин таъомули қадима, духтар ҳам метавонад ҷавони писандидаашро “ғаг” кунад.

“Ғаг” анъанаи қадимаи тақрибан 30 миллион паштунҳои покистонист, ки асосан дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, манотиқи қабоилнишин ва Балуҷистон ба сар мебаранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар, хабарнигорон ва сарони қабилаҳо мегӯянд, ки анъанаи “ғаг” ҳоло фақат дар деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ боқӣ мондааст.
Ин анъана алалхусус дар манотиқи қабоилнишин, ки он ҷо ниҳодҳои ҳукуматӣ заъифанд, пойдор аст.

Ахиран ҳукумати вилояти Хайбар Пахтунхва, ки аз сӯи ҳизбҳои дунявӣ идора мешавад, тарҳи қонун дар бораи лағви анъанаи “ғаг” чун таъомули барои фарҳанги имрӯза бегонаро таҳия кард. Бар пояи тарҳ, афроде, ки аз ин суннат кор мегиранд, ба ҳафт соли маҳбас маҳкум мешаванд, ё 6 ҳазор доллар ҷарима мепардозанд. Қарор аст, ки маҷлиси вилоят то моҳи марти соли оянда, яъне то хатми мӯҳлати панҷсолаи фаъолияташ, ин тарҳи қонунро бипазирад.

Ситора Аёз, вазири таъмини иҷтимоӣ ва рушди занони вилояти Хайбар-Пахтунхва мегӯяд, ки «ғаг – анъанаи қадима дар сарзамини мост ва аз он занҳои зиёде осеб дидаанд. Мо ин тарҳро ба маҷлиси вилоятӣ пешниҳод мекунем, то ки ҳукми қонунро бигирад ва аз занҳо дифоъ кунад. Ин анъана бештар дар ҷануби вилояти мо паҳн шудааст. "

Мариам Бибӣ, як корманди хадамоти иҷтимоии шаҳри Пешовар, мегӯяд, ки "ғаг" як таъомули барои занҳо нафратовар аст, зеро онҳоро аз имкони никоҳу зиндагии табъи дил маҳрум месозад.

Хонум Ситора Аёз мегӯяд, ки қонун дар бораи аз байн бурдани анъанаи "ғаг" бояд дар манотиқи қабоилнишин ҳам қабул шавад. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, беҳтар мебуд, агар дар чунин қонун аз сӯи ҳукумати марказӣ таҳия мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG