Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Шауенов пуштибонӣ карданд


Имрӯз ҳомиёни ҳуқуқи башари Қазоқистон дар канори бинои консулгарии Лаҳистон дар шаҳри Алмаато ҷамъ омада талаб карданд, ки паноҳандаи қазоқ Меирман Шауеновро ба дасти мақомоти Қаоқистон насупоранд. Номаи худро онҳо ба намояндаи консулгарӣ супурданд.

Диас Бейсенбек, ҳомии ҳуқуқи башари қазоқ, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз он нигаронанд, ки Шауенов метавонад дар Қазоқистон мавриди шиканҷа қарор бигирад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, агар ҷурми Шауенов собит шавад, беҳтар аст зро дар Лаҳистон аз рӯи қавонини кишвари саввум муҷозот кунанд.

Сокини вилояти Атирау Меирман Шауенов баъд аз ҳаводиси Жанаозен, ки бар асари ҳамлаи полис ба коргарони эътирозӣ 16 нафар кушта шуданд, ба Лаҳистон фирор кард. Меирман баъди боздошт дар Жанаозен мавриди шиканҷаи кормандони полис қарор гирифта буд.

Меирман Шауенов дар Лаҳистон бо дархости мақомоти Қазоқистон боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG