Пайвандҳои дастрасӣ

Путин кишварҳоро ба Иттиҳоди гумрукӣ даъват кард


Раисҷумҳури Русия Владиимир Путин дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи мушатаракулманофеъ дар Ашхобод, давлатҳои ҳамсудро ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ даъват кард ва аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо барои, ба гуфтаи ӯ, “хизмат ба манфиъати давлатҳои алоҳида” интиқод намуд.

Путин аз дархости президенти Узбакистон Ислом Каримов ҷиҳати ворид шудани кишвар ба минтақаи озоди иқтисодии кишварҳои мушатаракуманофеъ пуштибонӣ кард ва аз ҳамаи давлатҳои узв даъват кард, ки ба татбиқи ин иқдом мусидат кунанд.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин аз кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ , ки қарордоди ҳамроҳ шудан ба созмони гумрукиро имзо кардаанд. даъват намуд, ки ин санадро то охири сол ба тасвиб расонанд ва аз давлатҳое, ки то ҳол ба ин қарордод имзо нагузоштаанд, хост, ки тасмими худро базудӣ мушаххас кунанд.

Нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракуманофеъ рузи 5 уми декабр дар Ашқобод ҷараён гирифт ва, таври маъмул, ҳеҷ масоили ҷиддиеро баррасӣ накард.
XS
SM
MD
LG