Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари "авбош" барои ду сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд


Имрӯз узви дастаи олимпии Қирғизистон Ойсулу Тинибекова бо иттиҳоми авбошӣ барои ду сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ мурабии ӯ Нурбек Иззбеков хабар дод.

Дар мурофиаи додгоҳии дирӯза айбдоркунандаи давлатӣ хостори барои чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кардани варзишгар шуда буд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ойсулу Тинибекова баъди он боз шуд, ки моҳи апрели соли равон ӯву дугонааш як духтари 17-солаи сокини Бишкекро лату кӯб карданд.

Тинибекова нахустин духтари қирғиз аст, ки дар Олимпиадаи Лондон дар мусобиқаҳо оид ба гуштин миёни занон ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG