Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Федератсияи футболи Тоҷиистон гуфтааст, ки ба бозиҳои асосии мусобиқоти футболи кишвар, доварони хориҷиро даъват хоҳанд кард

Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ, ин нуқтарои рӯзи 5-уми декабр дар нишасти кумитаи иҷроияи ФФТ, ки дар Душанбе баргузор шуд, баён дошт.

Вай зимни ишора ба як қатор камбудиҳо дар кори доварон дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар гуфт, соли оянда дар бозиҳои асосӣ (масалан, «Равшан» - «Истиқлол», «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» ё «Регар-ТадАЗ» - «Равшан»), минҷумла бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ФФТ барои доварӣ мутахассисони хориҷиро даъват мекунад, ба шарте ки ба ин худи дастаҳо розӣ бошанд. Ин ташаббуси Рустами Эмомалиро узви кумитаи иҷроияи ФФТ Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дастгирӣ намуд

Дар ин ҷаласа мавсими имсолаи футбол ҷамъбаст ва нақшаҳо барои соли 2013-ум баррасӣ гардид.

Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси ФФТ, иброз дошт, ки ду дастаи футболи Тоҷикистон - «Равшан»-и Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода соли оянда дар Ҷоми АФК ширкат хоҳанд кард. Вай афзуд, “дастаҳои мо имкон пайдо карданд дар ин мусобиқа, ки аз рӯи моҳияташ дар қора дувум аст, бо бошгоҳҳои футболи Урдун, Баҳрайн, Сурия, Лубнон, Ироқ, Кувайт ва дигар кишварҳо рақобат кунанд. Ин, бешак, ба нафъи футболи мост. Танҳо дар мавриди бо дастаҳои пурқувват бозӣ кардан метавон маҳоратро такмил дод. Ман фикр мекунам, ки баъди ду сол мо метавонем барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК дар солҳои 2015-ум ва 2016-ум дархост бидиҳем.»

Инчунин, дар ин ҷаласа Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ, дар бораи вазифаҳои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар соли 2013-ум иттилоъ дод.

Баъдан Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти ФФТ, дар бораи натоиҷи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва лигаи аввал, сабқати ҳайатҳои ҷавонони лигаи олӣ сӯҳбат намуд. Вай гуфт, “мусобиқот бар асоси регламент ё дастури тасдиқнамудаи ФФТ сурат гирифт ва натоиҷи онро метавон қаноатбахш ҳисобид. Вале аз мусобиқаи лигаи аввал хориҷ шудани дастаҳои «Пахтакор»-и Қабодиён, «Локомотив»-и Душанбе ва “Сабо»-и Шаҳринав ба иллати напардохтани ҳаққи ширкат дар мусобиқа боиси нигаронист.”

Дар ҷаласаи мазкур тасмим гирифта шуд, ки маблағи ҳаққи пардохти ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ мисли мавсими имсола бетағйир мемонад ва 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, бо қарори ФФТ дар мавсими соли оянда ҳаққи заҳмати доваронро бошгоҳҳои футболи лигаи олӣ пардохт хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи кумиҷроияи ФФТ, ҳамчунин, масоили гирифтани муҷаввиз барои бошгоҳҳои футболи кишвар, низомномаи бақайдгирии футболбозони хориҷӣ, ташкили муоинаи тиббии ширкаткунандагони мусобиқот, ташкили курсҳо ё давраҳои бозомӯзӣ, семинарҳои ФФТ оид ба баланд баланд бардоштани савияи ҳирфаии мураббиёну доварон дар соли 2013-ум ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG