Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти ходими давлатӣ Раҳимҷон Ғафуров


Раҳимҷон Ғафуров, ходими давлатии Тоҷикистон, дар синни 76-солагӣ бар асари бемории сактаи қалбӣ рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе аз олам даргузашт. Раҳимҷон Ғафуров солҳои 80-ум ҳамчун муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои истиқлолияти давлатии кишвар, чун ноиби аввали сарвазири мамлакат фаъолият намудаааст. Раҳимҷон Ғафуров дар солҳои таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон (солҳои 90-ум) ҳамчун мушовири соягии Раҳмон Набиев барои дар сари қудрат боқӣ мондани ӯ таъсири муассир доштааст. Пеш аз интихоботи президентии соли 1994, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар вазифаи муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин кард. Баъдан вай ҳамчун мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили иқтисодӣ фаъолият намуд. Ба қавли ҳамкорони Раҳимҷон Ғафуров, вай дар тасмимгириҳои муҳими иқтисодии кишвар таъсири ҷиддӣ доштааст. Ӯ ба ҳайси вазири сохтмони деҳоти Тоҷикистон ва раиси Консерни давлатии “Тоҷикдеҳсохтмон” дар бунёди манзил, мактабу кӯдакистон ва иншооти фарҳангиву варзишӣ хидмати арзанда кардааст. Тақрибан аз солҳои 2000-ум ба ин тараф Раҳимҷон Ғафуров бознишаста буд ва дар вазифаҳои расмӣ фаъолият надошт. Дар нимаи аввали рӯзи панҷшанбе, 6-уми декабр, маросими хоксупории Раҳимҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG