Пайвандҳои дастрасӣ

Форбс: "Обама қудратмандтарин шахсияти ҷаҳон"


Маҷаллаи бонуфузи “Форбс” феҳрасти қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳонро нашр кард, ки дар садри он Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико қарор дорад. Ангела Меркел садри аъзами Олмон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин феҳраст дар мақоми дуввум ва саввум ҷой гирифтаанд. Дар миёни даҳгонаи 71 чеҳраи қудратмандтарини ҷаҳон, ки “Форбс” нашр кард, Билл Гейтс, муассиси саховатманди ширкати Майкросфт, Попи Рум Бенедикти 16, Бен Бернанке, раиси Бонки Марказии Амрико ва Марио Драги, раиси Бонки Аврупо, Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ, Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё ва Ши Ҷинпинг раиси Ҳизби Коммунисти Чин ҳастанд.
XS
SM
MD
LG