Пайвандҳои дастрасӣ

Пайравони Мурсӣ ба майдон баромаданд


 Гирдиҳамоии пайравони Мурсӣ дар Қоҳира

Гирдиҳамоии пайравони Мурсӣ дар Қоҳира

Дар Қоҳира чанд ҳазор пайрави президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ эътирозгаронро аз майдони назди қасри раёсатҷумҳурӣ берун кашиданд. Тибқи гузоришҳо байни ду гурӯҳ бархӯрдҳо низ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе мухолифини президенти Миср гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил намуда, дар назди қасри президенти Миср ҷамъ шуданд, муттафиқони исломии Мурсӣ даъват карданд, ки ҳаводорони онҳо ба пуштибонӣ аз Мурсӣ гирдиҳам оянд. Аммо сарфи назар аз нооромиҳои рӯзҳои ахир ба гуфти ноиб-президенти Миср Маҳмуд Меккӣ 15-уми декабр дар ин кишвар назархоҳии умумимардумӣ барои тасдиқи сарқорнуни нави кишвар доир хоҳад шуд. Ӯ афзуд, эҳтимол то он рӯз ҳукумат ва мухолифин бахшҳои мавриди ихтилофи сарқонунро баррасиву дар ҳоли зарурат, тағйир диҳанд.
XS
SM
MD
LG