Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паспорти тоҷикӣ тарҷума мешавад?


Муҳлати эътибори шиносномаам кайҳо гузаштааст ва акнун мувофиқи қарордодҳои нав бо шиносномаи дохилӣ наметавонам ба Русия равам. Азбаски таҳсил мекунам, фикр кардам, ки ин навбат шиносномаи хориҷии худро ба шиносномаи биометрӣ иваз кунам.

Шиносномаи биометриро дар муҳлати муайян яъне қариб се ҳафта дастрас намудам. Касоне, ки шиносномаи биометрии тоҷикиро надида бошанд, ба маълумоташон мерасонам, ки ин паспорт аз 48 сафҳа иборат буда, муҳлати эътибораш 10 сол аст. Дар саҳифаи пластикии асосӣ ду расми шумо бо қайди ному насабатон бо ҳуруфи лотинӣ - яъне стандартҳои кабулшудаи байналмилалии шиносномаҳо қайд шудааст. Дар шиноснома ҳамаи маълумот бо тоҷикӣ ва «забони» англисӣ нашр шудаанд.

Ҳамин тавр шиносномаи биометриро гирифтам ва бо он чиптаи электронии ҳавопаймо ба Маскав сафар кардам. Дар фурудгоҳи Домодедово мушкиле пеш намеояд. Манзурам, албатта, танҳо шиноснома аст, зеро масъалаҳои зиёди дигар аз ҳамин “дарвозаҳо”-и Русия сар мешаванд.

Дар бонки Маскав

Мехоҳам, камтар пули худро ба пули русӣ иваз карда, барои эҳтиёҷ сарф кунам. Бо ин мақсад ба шӯъбаи бонки амонатгузории Русия дар қисмати ҷанубу ғарбии Маскав медароям, баъди расидани навбат ба ҳуҷраи додугирифтҳо ворид мешавам.

Дар назди тирезача ду тугмача ҳаст – бо мазмуни «сифати кори коргарро баҳо диҳед: 1. – маъқул шуд ва 2. маъқул нашуд». Бо ин тугмаҳо назар кардаму, пас аз салом додан (ин одоби салом додани шарқиёна на ҳама вақт нисбати одамон дуруст будааст) ба коргари бонк пул ва шиносномаро дароз кардам. Ӯ аввал пулро гирифта дар мошинаш шумурд, қимати ниҳоиро ҳисоб намуда, шиносномаро гирифт ва гуфт:
-- А где перевод паспорта?
Ин савол бо қаҳру итоб ва дуруштӣ садо дод, ки хоси кормандони бонк нест. Пай бурдам, ки вай чунин муносибатро барои он раво дошт, ки ман тоҷикам.
Ман низ бо овози аз вай дағалтар, дод зада, гуфтам, ки ту магар хонда наметавонӣ? Ин ҳуҷҷат бо меъёрҳои байналмилалӣ омода шуда, шиносномаи хориҷӣ ном дорад ва дар он ҳама маълумот бо ҳуруфи лотинӣ оварда шудааст. Ту хондан натавонӣ ё нахоҳӣ, гуноҳи ман, чӣ, чаро ин қадар дурушт ҳарф мезанӣ?
-- Это Россия! Тут всё должно быть по-русски, понятно?! Вы должны уважать наши законы!
-- Кори маро анҷом медиҳӣ ё не? -- гуфтам ман.

Ниҳоят пул иваз карда шуд ва ман рафтам, тугмаи баҳодиҳиро пахш ҳам накардам, садқаи баҳои ман шавӣ!

Дар Донишгоҳ

Чун ба Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия, ки дар он таҳсил мекунам, омадам, хостам худро ба қайд гузорам, ин ҷо низ ҳамон саҳнаи бонк такрор шуд, аз ман «перевод»-и шиносномаро талаб карданд. Ин ҷо низ мефаҳмонидам, ки ному насабу маълумотномаам дар шиносномаи хориҷиам бино бар меъёрҳои байналмилалӣ дарҷ ёфтааст, зарурате барои «перевод» намебинам, ба баҳсҳои доманадор рӯбарӯ мешудам.

Ва дар дигар ҷойҳо

Чунин аҳвол қариб дар ҳама ҷойҳо сурат мегирад. Ниҳоят қарор додам, ки дигар бо талабгорони «перевод», бо забони англисӣ ҳарф занам, то бифаҳмам, ки чӣ гуна ҷавоб медиҳанд. Чизе рӯй дод, ки зиёда аз интизори ман буд ва маро ҳайрон кард. Вақте бо онҳо бо забони англисӣ гап мезадам ва ҳамзамон шиноснома пешкаш мекардам, аз ман ягон хел «перевод» намепурсиданд!

Хулоса

Хонандаи азиз, ба худ фикр кардам, ки марди одии тоҷикистонӣ ба Русия ояд ва бо чунин «талабҳо» рӯбарӯ шавад, чӣ кор мекарда бошад? Оё талаботи байналмилалӣ нест, ки ҳама чиро бо ҳуруфи лотинӣ дарҷ намоянд. Ва ба эътибор гиранд? Шумо ба чунин ҳол афтодаед ва назари Шумо ба ин масъала чист?

Насриддинов З.З.,
аспирант
XS
SM
MD
LG