Пайвандҳои дастрасӣ

"Клуби президентҳо" дар Ишқобод ҷаласа кард


Мулоқоти сарони ИДМ дар шаҳри Ишқобод

Мулоқоти сарони ИДМ дар шаҳри Ишқобод

Сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Ишқобод як эъломия ба имзо расонданд.

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баргузор шуд.

Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳо дар масъалаи тамрини муштараки зидди терроризм ва мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккилона ба мувофиқат расиданд.

Песков илова намуд, ки президентҳо ҳамчунон масъалаи ҳамоҳангӣ дар иктишофи молии миёни кишварҳои муштаракулманофеъро арзёбӣ карданд. Аз байни 11 президенти кишварҳои муштаракулманофеъ дар мулоқоти Ашқобод 8 нафар ҳузур доштанд. Бо сабабҳоим мухталиф раҳбарони аввали Қирғизистон, Молдова ва Озарбойҷон ба Ишқобод наомаданд. Нашрияи маъруфи Русия "Комсомолская правад" ин ҳамоишро ба "вохӯрии ҳамкурсони собиқ" монанд кард ва навишт, дар он натиҷаи муҳиме ба даст наомадааст. Қаблан низ ҳамоиши раҳбарони ИДМ-ро матбуот "ҷаласаи клуби президентҳо" унвон карда буд.

Интизор мерафт, ки дар ин ҳамоиш далелҳои қатъии зарурати ИДМ ва рушду таҳкими он баррасӣ мешуд, аммо дар ҷаласа бо даъватҳои президенти Русия, Владимир Путин ба иттиҳоди "наздиктар"-и кишварҳои узв сӯҳбати амиқе ҷараён наёфт.

Сар аз моҳи январ раҳбарии даврии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз Туркманистон ба Беларус мегузарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG